Кумита барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холии зерин озмун эълон мекунад:
- Сармутахассис (тарҷумон аз забони русӣ базабони  тоҷикӣ ва аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ)-и шуъбаи ташкил ва назорати коргузории Дастгоҳи Раиси Кумита -2 воҳид;
-Навбатдори алоқа (радиоалоқа)-и шуъбаи эътинои фаврӣ ва хадамоти фгонаи навбатдории диспетчерии Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ -2 воҳид;
- Сармутахассис (оид ба корҳои дозиметрӣ ва метрологӣ)-и шуъбаи радиометрии Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумита;
-Рузноманигорон барои Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумита-1 воҳид;
-Барномасоз ва корҳои техники дар Кумита-2 воҳид.

Талаботи тахассусӣ.   Доштани маълумоти олии касбӣ ё махсус.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ширкат дар озмун доранд, метавонанд ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ ҳуҷҷатҳои  зеринро пешниҳод намоянд
а) ариза, ҳолнома;
б) саволномаи бо дасти худ пуркардашуда ҳамроҳ бо расмҳои андозаи 3Х4 - 4 дона ва   9 Х 12 - 2 дона;
в) нусхаи шиноснома, диплом, ки нотариус тасдиқ карда бошад;

г) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки нотариус ва ё хадамоти кадрҳои ҷойи кор тасдиқ карда бошанд;
д) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тайидкунандаи фаъолияти кории шаҳрванд, ки нотариус ва ё хадамоти кадрии ҷойи кор тасдиқ карда бошад; 
ж) нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ;
з) нусхаи дафтарчаи тиббӣ;
и) нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ, таваллуди кӯдакон;
к) маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
л) хислатнома.

Суроғаи мо:

ш.Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26, тел. 2217181. E-mail:  najot@rs.tj

 

 

барчасп: