Моро дар “Дугонаҳо” бинед

Бонувон-кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори иҷрои вазифаҳои хидматии худ, аз ҷумлаи фаъолон дар корҳои ҷамъиятӣ, модарони меҳрубон ва соҳибхонаҳои дӯстдоштаанд. Исботи ин шикати басо фаъолонаи онҳо дар барномаи телевизионии “Дугонаҳо” буд, ки дар он на танҳо маҳорати касбии худ, балки фарҳанги рӯзгордории хешро низ ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи ин барнома ҳамчунин кормандони як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ширкат карданд.

Ҳашт нафар намояндагони ҷинси латифи идораи наҷоти кишвар маҳорати худро дар корҳои хонадорӣ, пухтупази таомҳои гуногун ва омода кардани хуришҳои мухталиф намоиш доданд. 

Ширкат дар барнома нишон дод, ки бонувони Кумита то куҷо соҳиби истеъдоди нотакрор, зебоии ботиниву зоҳирианд ва на танҳо устодони касби худ, балки соҳибхонаҳои беназиранд.

 

барчасп: