Хаймаҳои қолабӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

14 феврали соли 2019 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили 17 маҷмуъаи хаймаҳои қолабӣ баргузор шуд. Дар ин маросим Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сарвари Раёсати  Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани ва роҳбарони як қатор созмони байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат карданд.

Хаймаҳои металиву қолабӣ ба андозаи 17,5 метри мураббаъ таҳти сарпарастии Сарвари Комиссариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда таҳвил дода шуданд. 

Ин хоначаҳои муваққати қолабӣ дорои даричаҳо барои ворид кардани ҳавои тоза, ҳамчунин чароғҳо ва таҷҳизоте, ки аз хуршед нерӯ мегирад ва ҳатто қодир аст дар телефонҳои мобилӣ истифода шавад, мебошанд. Онҳо барои истифода дар урдугоҳҳо, нуқтаҳои интиқоли одамон, ҷойҳои будубоши муваққати сокинони зарардида аз офатҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд. 

Сарвари КҲФ дар суханронии худ ба ҷаноби Трани барои ин кумаки гаронбаҳо изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ҳадафи аслии КҲФ ва Раёсати СММ дар умури паноҳандагон расонидани кумакҳои фавриву ҳамаҷониба ба аҳолии ниёзманд дар ҳолатҳои фавқулодда аст.

«Ман бовар дорам ин ҳамкории судманд дар оянда низ таҳким меёбад. Бидуни шак кумаки ироакардаи шумо ба наҷоти ҳаёти инсон равона карда хоҳад шуд”,- гуфт Рустам Назарзода.

Ҷаноби Вито Транӣ қайд кард, ки “Мо хоначаҳое қолабиеро, ки ба сурати кумак ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ироа кардем, як қадами муҳиме дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба медонем. Ба ин боварем, ки ин кумак дар тақвияти зарфиятҳои Кумита дар таъмини зарардидагон ҳисса хоҳад гузошт”.

 

барчасп: