ФАВРӢ: Вазъи роҳҳои кишвар имрӯз – 14 феврали соли 2019

Ронандаи мошин борбардоре, ки роҳҳоро аз тарма пок мекард, зери тарма монд ва ба ҳалокат расид. Барфи шадид ҳаракати мошинҳо дар Душанбе -Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ҳамчунин дар ағбаи Қизил-Артро ба мушкил рӯбарӯ кард. Бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои Варзоб-Айнӣ ва Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз муваққатан баста шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар 16-уми феврал дар аксар қаламрави кӯҳии мамлакат бориши шадиди барф дар назар аст. Ҳамзамон бо ин хавфи лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ таҳдид мекунад. 

Дар натиҷаи бориши барф дар роҳҳои  Душанбе -Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ҳамчунин дар ағбаи Қизил-Арт ҳаракати мошинҳо мушкил шуд. Бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои Варзоб-Айнӣ ва Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз муваққатан баста шуданд. 

Зарфи шабонарӯзи гузашта дар километрҳои на  52, 57, 59, 61 ва 72 роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, дар километри 362 роҳи мошингради Душанбу-Хоруғ дар наздикии деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ  резиши санг мушоҳида шуд. 

Барои тоза кардани роҳҳо ва бартарафсозии оқибатҳои тарма ва санрезиш хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва хадамоти роҳи ширкати  Innovative  Road Solutions (IRS) техникаи махсус ҷудо кардаанд ва кор дар ин самт идома дорад. 

Мутаассифона, ҳангоми тозакунии роҳҳо аз барфу барфтӯдаҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ борбардори хадамоти роҳи Ширкати  Innovative  Road  Solutions (IRS), ки аз ҷониби ронандаи 62-сола идора карда мешуд, зери тарма монд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохӯш ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро дар умқи 80-100 метр пайдо ва ба хешовандонаш супурданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги фоҷеабору бармаҳали шаҳрванд андӯҳгин буда, ба пайвандон ва наздикони марҳум изҳори тасаллият мекунад. 

Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар қитъаҳои гуногун воҳидҳои вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда навбатдорӣ мекунанд. 

Дар рӯзҳои бориши шадиди барф ва ҳамчунин баъди он бар асари гарм шудану тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво дар роҳҳои кӯҳии мамлакат хавфи резиши сангу лағзиши тарма меафзояд. Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони арҷманди кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд.

барчасп: