Мулоқот бо намояндаи идораи зиддикоррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

Дар маҷлисгоҳи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  вохурӣ бо  намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд подполковник Зарифӣ Дилшод Неъматзода-сардори шуъбаи пешгирии Раёсати агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд  доир гардид.

Намояндаи Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд оиди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018с. вобаста ба сохторҳои қудратӣ ва дар бораи қадру манзалати Ватан-модар, истиқлолият ва сулҳу Ваҳдат, доир ба ҷиноятҳои терроризм-экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухаронӣ кард. Ва баъдан оид ба ҷиноятҳои коррупсионии ошкоршуда дар вилояти Суғд мушаххастар ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки  давоми соли 2018 дар вилоят 501 амалӣ коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст,

Инчунин оиди пешгирӣ намудани омилҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, дар бораи зиёд шудани ин намуди ҳуқуқвайронкуниҳо дар миёни кормандони маъориф, тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ кард.

Аз гуфтаҳои подполковник Зарифӣ Дилшод Неъматзода бармеояд, ки дар ҷомеаи имрўза ягон соҳае нест, ки аз амалҳои коррупсионӣ дар канор бошад, мутаассифона, худи сокинони кишвар барои сар задани амалҳои коррупсионӣмусоидат мекунанд.  

Дар интиҳои суханрониаш афзуд, ки то ба имрўз хушбахтона дар байни кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ кирдорҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 Дар поёни нишаст миёни меҳмонон ва ширкаткунандагон дар доираи мавриди сӯҳбат табодули афкор сурат гирифт.

Ш. Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеъаи Раёсат лейтенант

барчасп: