Барфу борони рӯзҳои 13-14-уми феврал: Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бино ба маълумоти Агентии  обу ҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 14 феврали соли 2019 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоиду ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ  бориши бошиддати борону барф дар назар аст.

13-уми феврал дар ноҳияҳои алоҳида шамол  аз самти ғарб бо шиддати то 15-20м/с  мевазад. Рӯзҳои 12-16 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма меафзояд.

Дар  робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи аҳолӣ ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат  аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. 

Ба сокинони доманакӯҳҳо ва рустоҳои наздикӯҳии кишвар тавсия медиҳем, ки дар ин гуна рӯзҳои пурбориш ва хатарзо рафтан ба чарогоҳҳо, шикоргоҳҳо, ғунучини ҳезум, молчаронӣ ва моҳидорӣ маслиҳат нест.

Ронандагон  дар сафар бояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ин таъмини амнияти шумо ва ҳамсафарони шумост!

барчасп: