Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т. ва прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Юсуфзода А. баргузор гардид. Мавзуъи суҳбат “Пешгирии вайрон намудани қонуну қарорҳои амалкунандаи соҳавӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ” буд.
Ҳадафи ин гуна дидору мулоқотҳо роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни сарбозону афсарон аст ва суҳбатҳо дар мавриди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриву интизомӣ дар миёни ҳайати шахсӣ ва қисмҳои ҳарбии тобеъи Раёсати вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Силсилаи дидору мулоқотҳо бо шахсони масъул, вакилони мардумӣ, сарварони раёсатҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ғайра дар тӯли сол дар назар аст.