Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаи Маркази интиқоли хун боз шуд ва ҳадаф он аст, ки агар ҳар корманде мехоҳад хун эҳдо кунад, бе мушкил ин корро анҷом диҳад.
Пеш аз он ки хун бигиранд, аввал фишор ҳамаи донорҳоро санҷиданд, ташхиси сатҳи гемоглобин дар хун ва дигар нишондодҳоро гузарониданд.
Духтури трансфузиолог иҷозати хун додани одамон бар асоси натиҷаи ташхисро дод.
Ҳамчуноне ёдовар шудем, мақсад аз ин эҳёи башардӯстии шаҳрвандӣ ва шафқату меҳрубонӣ миёни инсонҳост.