Мулоқот бо Ҷӯра Юсуфӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда дар Суғд

Устод Ҷўра Юсуфӣ бо арзи эҳтирому сипос барои фароҳам омадани чунин як мулоқоти рӯ ба рӯ бо наҷотдиҳандагон, гуфт, ки имрӯз фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда назаррас аст. Вай доир ба мавзўи ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ,  эҳтироми забони модарӣ, арзишҳои таърихии кишвар, оид ба таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик сухан ронда, кўшишу заҳматҳои шахсони бузург баҳри пос доштани давлати тоҷикон, оид ба ҷанги бародаркуш ва хизматҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат баҳри ба даст овардани сулҳу суббот дар кишвар, аҳамияти баргузор гардидани иҷлосияи тақдирсоз, ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суханронӣ кард.

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ҷиҳати амалигардонии Нақша-чорабиниҳо дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, дастуру супоришҳои Раиси Кумита ва дар асоси нақша-чорабиниҳо оид ба вохўриҳо бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, идораву ташкилотҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба идҳои давлатӣ, чорабиниҳои сиёсӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ вабо иштироки ҳайати шахсии Раёсат вохўрӣ бо Ҷўра Юсуфӣ - шоир, рўзноманигор, узви иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуманнон Одинаев – устоди кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дар доираи мавзўи «Ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ» ташкил ва гузаронида шуд

Устод Ҷўра Юсуфӣ бо арзи эҳтирому сипос барои фароҳам омадани чунин як мулоқоти рӯ ба рӯ бо наҷотдиҳандагон, гуфт, ки имрӯз фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда назаррас аст. Вай доир ба мавзўи ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ,  эҳтироми забони модарӣ, арзишҳои таърихии кишвар, оид ба таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик сухан ронда, кўшишу заҳматҳои шахсони бузург баҳри пос доштани давлати тоҷикон, оид ба ҷанги бародаркуш ва хизматҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат баҳри ба даст овардани сулҳу суббот дар кишвар, аҳамияти баргузор гардидани иҷлосияи тақдирсоз, ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суханронӣ кард.

Оиди пешравии кишвари азизамон, иқдомҳо ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мўҳтарами мамлакат дар ин ҷода, ба истифода додани нахустин чархаи НБО Роғун аз эҷодиёташ шеърҳо қироат намуд.

Абдуманнон Одинаев – устоди кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  аз таърихи адабиёти пурғановати тоҷик, эҷодиёти шахсони бузург, ки боигарии асосии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, тавассути он тоҷикон ба олам машҳур гардидаанд, сухан ронд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчунин дар бораи илму дониш ҳарф зад ва гуфт, ки волидон вазифадоранд фарзандони худро босавод гардонанд ва миллати босавод ҳамеша арҷманд аст. Абдуманнон Одинаев таъкид кард, ки танҳо афроди босавод қодиранд ҷомеаро пеш баранд.

барчасп: