2 феврали соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо оид ба ҳуқуқҳо зидди амалҳои коррупсионӣ мулоқоти кормандон бо намояндагони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ Аминзода ва Маҷид Абдураҳим баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Нигора Муқимӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мубориза бо коррупсия”, “Стратегияи муқобилият бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020”, фаҳмишҳо дар бораи коррупсия, роҳҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ маълумот ва оқибатҳои ин гуна амалҳоро шарҳ дод.
Ҳамчунин ба кормандони КҲФ дар бораи мубориза бо истифодаи ғайриҳадафноки воситаҳои буҷавӣ, сӯистифода аз мансабу вазифа, ҳаннотӣ, ришвагирӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ маълумот доданд.
Дар хотима гуфта шуд, ки мубориза бо коррупсия ин кори муштарак аст ва барои мубориза муваффақона дар кишвар ва ба хотири решакан намудани он ширкати ҳамаи сохторҳои давлатӣ зарур мебошад.
Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт.