Ба истиқболи Рӯзи Президент: Пешвои миллат ва таҳкими фаъолиятҳои КҲФ ва МГ

Маълум аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлолият бевосита ба номи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи ў вобастагӣ дорад. Ў ҳамчун Президенти мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди сохторҳои қудратии мамлакат нақши муҳиме дошта, ҳамеша барои ҳифзи амнияту оромии кишвар талошҳои зиёде менамояд. Аз ҷумла, пешрафти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пеш аз ҳама ба дастгирӣ ва талошҳои Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин як сохторе, ки фаъолияти асосиаш ба ҳифзи аҳолӣ, сарватҳои миллӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи табии ва техногенӣ равона шудааст.

Бояд гуфт, ки дар шароити мушкили буҳрони иқтисодии солҳои 1994 – ум Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳал намудани дигар мушкилиҳои иқтисодӣ ва  сиёсӣ ба таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, системаи таъсирбахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро ташкил намуд.

Ташкили Кумитаи оиди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1994 таҳти № 400 бо Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, яке аз иқдомҳои аввалин дар ин соҳа маҳсуб меёбад. Инчунин, барои такмил додани ин соҳа фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 таҳти № 1239-а «Дар бораи таъсиси Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва 6 июли соли 1999 мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Ҳамзамон, 27 ноябри соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.  Аз ҳамон вақт шурўъ намуда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз садамаҳо, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти миллӣ дониста мешавад.

Бо мақсади рушди соҳа ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ҷумҳурӣ 3 августи соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 323 «Масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ҳолатҳои фавқулодда» ба имзо расид. Бо ин Қарор ҳайати Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он тасдиқ карда шуд.

   Дар баробари ин, 28 феврали соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба имзо расидааст. Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд.

  Ҳамин тавр, 15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» қабул карда шуд. Қонуни мазкур меъёрҳои ташкилию ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бидуни шаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  истиқоматдошта, инчунин замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табииро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инчунин муҳити зистро аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта муайян намудааст. Бояд тазаккур дод, ки заминаи ҳуқуқии ташаккулёбии системаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодда гузошта шуд.

       Минбаъд дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 ноябри соли 2006 №9 бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаҳои собиқ Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сохтор вогузор карда шуд.

      Ҳамин тавр, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи сарвари мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро  дар тамоми ҷаҳон ҳамчун кишваре, ки дар ҳамкориҳои башардўстона фаъолона ширкат меварзад, мешиносанд. Инчунин, бо фармону дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20 соли охир ба зарардидагони офатҳои табиӣ доимо ёрии моддию маънавӣ расонида мешавад. Шахсан Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи воқеа, минтакаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон, шаҳри Кўлоб ва ВМКБ сафар намуда, аз наздик бо зарардидагон суҳбат намуда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд, ки дар наздиктарин муҳлат оқибатҳои офатҳои табииро бартараф намуда, хонаҳои мардумро сохта, бо тамоми лавозимоташ ба мардуми зарардида супоранд.

  Мавриди зикр аст, ки аз замони ба даст овардани истиқлолияти том масъалаи ҳифзи аҳолӣ таҳти назорати махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, қарор дорад. Президенти кишвар дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузории мушахас менамояд, аз ҷумла оиди таъмин намудани бехатарии шаҳрвандон ва объектҳои стратегии мамлакат. Бо иҷрои ин супоришҳои Cарвари давлат мо имконият пайдо менамоем, ки ҳифзи аҳолии кишваро таъмин намоем ва дар кўмаку дастгирии шаҳрвандони мамлакат ҷойи худро дошта бошем. Ҳамин тавр, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъи хоса дошта, дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлоламон ҳамчун саҳифаи нави таърихӣ ба шумор меравад.  

Дар остонаи иди Ваҳдати миллӣ дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки 16-17 июли соли 2015 дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа манзили зисти 82 оилаи деҳаи Барсем корношоям гаштанд.

Дар таърихи 29 июли соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба маҳалли аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Дар рафти суҳбат бо мардуми зарардида аз мушкилоти эшон хабардор гашта ба вазорату идораҳои дахлдор баҳри бароварда кардани мушкилии зарардидагон дастуру супоришҳои мушшахас дод, ки то ба имрӯз ҳамаи он иҷро гашт.

Имрӯз 82 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем дар хонаҳои нав, дар маҳаллаи Питовдашт, ки дар муҳлати кӯтоҳ деҳаи зебое қомат афрохт, истиқомат мекунанд. Маблағи умумии хароҷотшуда барои бунёди 82 манзили зист 2 миллиону 400 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Пешвои миллат зимни боздид аз манзилҳои навбунёд, ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иброз дошт, ки коре, ки имрӯз аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ, идораву корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорон анҷом дода шудааст фоли нек мебошад. Нерӯи созандаи мардум, дӯстиву бародарӣ ва дастгирии якдигарӣ, аз сарҷамъиву ваҳдати тоҷикистониён шаҳодат медиҳад маҳз чунин дӯстӣ буд, ки мардуми аз офати табии зарардида худро танҳо ҳис накарданд ва саривақт бо ашёи лозима ва манзили зист таъмин гаштанд.

Дар шаҳрак ғайр аз манзилҳои истиқоматӣ, иншооти маишӣ низ бунёд ёфтаанд. Барои таъмини деҳа бо оби ошомиданӣ дар чуқурии 40 - 50 метр чоҳ канда ва қубурҳои интиқоли об ба шаҳрак насб шудаанд, ки маблағи умумии он 173 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Бунёди Муассисаи таълимӣ барои 240 ҷои нишаст имкон додаст, ки муҳасилини ин деҳаи навбунёд таълими мактабиро дар наздикии манзили зисти худ гиранд. Қомат афрохтани Маркази саломатии шаҳрак ва бо кадрҳои соҳавӣ таъмин гардидани он имкон медиҳад, ки саломатии сокинони деҳа саривақт ва бо сифати баланд таъмин карда шаванд.

Дар робита ба дастгириҳои давлату Ҳукумат мардуми деҳаи Раҳмонобод изҳори миннатдорӣ намуда, ин ғамхориҳоро ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат маънидод мекунанд. Сокинони деҳа иброз доштанд, ки дастгириву ғамхории давлат барои мардум зиёд аст, бахусус он таваҷҷуҳ ва дастгирие, ки нисбати мардуми аз офати табиӣ зарардида зоҳир гардид, қиёснашаванда аст.

Бояд гуфт, ки дастгирии давлат ва ғамхории бевоситаи Президенти кишвар нисбати мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон беназир аст. Дар муддати кӯтоҳ эъмори деҳаи нав аз неруи созанда ва зарфияти муқтадири давлат, сиёсати хирадмандонаи сарвари он, ваҳдату сарҷамъии тоҷикистониён шаҳодат медиҳад.

Баъди шиносоии пурра аз зиндагии сокинон дар манзилҳои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони деҳа мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард

Cафари кории Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба маҳалаҳои аз офати табии зарардидаи минтақаи Кўлоб


Буридани лентаи рамзии кушодашавӣ ва ба мардуми аз офати табии зарардида
супоридани хонаҳои нави истиқоматӣ дар маҳалаи Навобод


Маҳалаи навбунёди Навобод

 


Вохурии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пирону зиёиёни шаҳри Кўлоб пас аз офати табиӣ

барчасп: