МЧС

Ба истиқболи Рӯзи Президент: Пешвои миллат ва таҳкими фаъолиятҳои КҲФ ва МГ

Маълум аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлолият бевосита ба номи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи ў вобастагӣ дорад. Ў ҳамчун Президенти мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди сохторҳои қудратии мамлакат нақши муҳиме дошта, ҳамеша барои ҳифзи амнияту оромии кишвар талошҳои зиёде менамояд.