ТЕРРОРИЗМ. БО ИН ЗУҲУРОТИ ФОҶИАЗО МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБОЯД!

Вазъи сиёсии ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳад, ки амнияти кишварҳои олам бинобар фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгарои хатарзо ва авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳолати басо ногувор қарор дошта, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният тақозо менамояд, ки баҳри пешгирии роҳи ин гуна таҳдиду хатарҳо, ки метавонанд паёмадҳои ногуворро дар манотиқи гуногуни сайёра ба бор оранд, чораҳои қатъӣ андешанд.
Амалҳои террористии солҳои охир дар як қатор кишварҳои олам, гувоҳӣ медиҳанд, ки терроризм ва экстремизми динӣ ҳамчун як василаи маргбори гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҷоҳил барои барҳам задани осоиши мардум, боздоштани раванди рушд ва ноором сохтани муносибатҳои ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор доранд. Пайваставу мунтазам ба амал баровардани кирдорҳои фоҷиабор, анҷом додани таркишҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, дохили нақлиёт ё тавассути нақлиёт далели доман густурдани гурӯҳҳои террористӣ мебошад.
Бо назардошти муҳимиятии масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 3 - 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди ҳамкорӣ бо кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар самти муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷомеаи муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизми динӣ, равшану возеҳ баён намуданд.
Дар ин замина метавон гуфт, ки имрӯз дасти терроризм ба амнтарин манотиқ ва кишварҳои пурқудрати ҷаҳон расида, барои хадамоти амнияти он мушкилиҳо эҷод намудааст. 
Таҳлилҳои гузарондаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳанд, ки дар сафи пеши ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, қабл аз ҳама, ташкилотҳои экстремистию террористӣ, аз қабили “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” (ҳоло “Ҳизби исломии Туркистон”), равияи динии “Салафия”, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ҷамоати “Ансоруллоҳ”, иттиҳодияи “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷундуллоҳ”, ҲНИ, “Ҷамъияти таблиғ”, “Бародарони мусулмон” ва ғайра қарор доранд, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳар васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кӯшиш мекунанд.
Хатари ҷараёнҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва махсусан гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб хеле ташвишовар мебошад. Ин ҷо ду ҷанбаи масъала тавзеҳ мехоҳад. Аввалан, ҷавонон чун неруи асосӣ ва ояндадор мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд. Дувум, насли ҷавон дар баробари ин, чун неруи камтаҷриба ба ҳайси фазои амалиёти ҳадафноки гурӯҳҳои худӣ ва бегона суиистифода мешаванд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки дар тарғиби зиракии сиёсӣ, фаҳмондадиҳӣ талош варзем ва нагузорем, ки ояндаи миллат зери хатар монад. Ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҷараёнҳои номатлуби замонро худ дуруст дарк намоем ва аз ҷониби дигар ба насли ҷавон моҳияти масъаларо дуруст фаҳмонем.

Мутаассифона, бисёре аз ҷавонони мо аз сабаби дуруст надонистани мафҳумҳои ибодат ба доми “ходимони дин” ё “ҷӯяндагони роҳи ҳақ” меафтанд. Аммо, бояд донист, ки дини ислом ҳеҷ робитае бо ифротгароӣ ва терроризм надорад ва барҳақ, терроризм ва экстремизм дину мазҳаб, миллат ва Ватан надорад. Бо ин вабои аср муборизаи беамон мебояд ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон пешорӯи виҷдони худ масъул аст, ки дар пешгирии ин раванд саҳми худро гузорад.

Гузашта аз ин, зарур аст, ки дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро оид ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи одамон, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, расидан ба қадру қимати истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои душманони миллат тақвият бахшем ва бо далелу мисолҳои равшану возеҳ ба онҳо ин хатарҳо ва оқибатҳои фоҷиабори онро фаҳмонем. Ҳамзамон, оид ба пешгирии таҳсили ғайрирасмии ҷавонон ва духтарон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар, дар назди муллоҳо ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва иттиҳодияҳои экстремистӣ имомхатибони масҷидҳо бояд фаъолнокии бештар зоҳир намоянд. Зеро дар ҳолатҳои алоҳида баъзе шаҳрвандон аз бетарафии ходимони дин истифода бурда, ба ҷои пешгирӣ намудани шомилшавии сокинони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои номатлуби динӣ машғул мешаванд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки ходимони дин худ даст ба содир намудани ҷиноятҳо задаанд.
Чунончи, давоми солҳои охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбат ба 20 нафар имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 3073 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне иштироки фаъолона дар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ оғоз шуда, баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳои вилоят ирсол карда шуданд.
Масалан, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Абубакри Сиддиқи шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон Илҳомиддин Абдуллоев, дар байни намозгузорон ташвиқот бурда, шаҳрвандон А. Қосимов, А. Маҳмудов, Ш. Ҳалимовро барои узвият ба ташкилоти экстремистии «Салафия» даъват намуда, то рӯзи дастгиршавӣ бо номбурдагон ғояҳои ин ташкилоти ғайриқонуниро тарғиб намудааст.
Ҳамчунин, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи “Мулоқурбон” - и ноҳияи Мастчоҳ Муллораҳмат Охунов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Муҳаммадиқболи шаҳри Истаравшан Раҳматулло Асроров, муовини имомхатиби ҳамин масҷид Саидфайзулло Саиднуъмон ва собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Деваштич Мираҳмад Мираҳмадов бо ҳукми суд маҳкум гардиданд. 

Ба уламои дин зарур аст, ки саҳми масҷидҳо ва рӯҳониёнро дар маҳкум намудани кирдорҳои террористӣ баланд бардошта, дар ин замина чораҳои муассир андешанд.

Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар мактабҳо, дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия наёфтани онҳо ва тариқи сунъӣ болоравии нуфузи рӯҳониёни риёкор дар ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд дар самти корҳои тарбиявӣ иқдомоти ҷиддитареро рӯи даст гирифт ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар деҳаҳои дурдасте, ки аз шароитҳои маданию фарҳангӣ маҳруманд, марказҳои маданию фарҳангӣ, маҳфилҳои омӯзишӣ, бахусус касбомӯзӣ чораҳои амалӣ андешид.

Ҳ. ВОҲИДОВ,

прокурори вилояти Суғд, 
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

БОЗЧОП аз рузномаи «Ҷумҳурият» аз 31.10.2018

барчасп: