Ҳудудан даҳ ҳазор нафар ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари тӯфони “Уилла” дар иёлоти мексикоии Наёрит воқеъ дар шимоли Мексика ба макони амн интиқол дода шуданд. Дар ин бора ахиран пойгоҳи интернетии Universal хабар дод.
Ҳоло дар ду ноҳияи ин иёлат, ки эҳтимоли зери тӯфон мондан дорад, 19 паногоҳи муваққатӣ сохта шудааст ва одамонеро, ки интиқол медиҳанд, дар ин паногоҳҳо ҷобаҷо мекунанд.
Аз ин пештар нерӯи “Уилла” дар уқёнуси Ором ба ҳадди категорияи севвум коҳиш ёфт, хабар дода буд Комиссияи милии захираҳои оби Мексика. То ин замон дар ҳадди хатарноки категорияи панҷум дар ҳоли ҳаракат буд.
Ҳукуматдорони Мексика интизори зарбаи тӯфон дар иолотҳои Синалоа ва Наёрит мебошанд.
Ҳоло дар 12 ноҳияи иёлоти Наёрит ва ҳафт ноҳияи иёлоти Синалоа вазъи фавқулодда эълон шудааст.