Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳоро таҷлил мекунад

Ҳар сол офатҳои табиӣ дар сар то сари олам миллионҳо доллар зарар мерасонанд, даҳҳову садҳо тан куштаву захмӣ мешаванд, роҳҳо хароб мегарданд, пулҳо вайрон мешаванд, одамон бехонаву дар мемонанд. Офати табиӣ ногаҳонӣ сар мезанад ва амалан пешгӯӣ кардани он номумкин аст. Аз ин рӯ роҳи ягонаи муқовимат омодагии ҳамешагист. Ва як рӯзе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо номи коҳиши хатари офатҳо ҷудо кардааст, низ ба ҳамин маъност. Яъне, инсонҳо ҳамеша омодаи муқовимат бо офоти табиӣ бошанд, то хатари он коҳиш ёбад.

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии киҳиши хатари офатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномиа ҷаҳонии озуқаи СММ, ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) ва Раёсаи ҳамоҳангсозии масъалаҳои ёриҳои башардӯстонаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат як сислсила чорабиниҳои иттилоотиву таблиғотӣ мегузаронад. 

Ин чорабиниҳо аслан роҳандозии озмунҳо, аз ҷумла тасвири кӯдакон, беҳтарин нигоштаҳои расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо, “мизҳои гирд”, баргузории  дидору мулоқотҳо дар муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ ва мактабҳои олии мамлакат бо ширкати мутахассисони КҲФ ва ғайра мебошанд. 

Ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо боз ҳам баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои мардум ва хотиррасон кардани он ки аҳолӣ барои коҳиши хатари офатҳо бояд чӣ корҳоро анҷом диҳад, мебошад.

Тибқи Қарори Ассамблеяи Генералии СММ Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ҳар сол 13-уми октбяр баргузор мешавад. 

Хотиррасон меукунем, ки қарор дар мавриди таҷлили ин рӯз дар шакле, ки гуфтем, 31 августи соли 2016 дар ҷаласаи гурӯҳи РЕАКТ қабул шуда буд.

 

барчасп: