Ахбори рӯз

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои Душанбе

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳодисаҳои фавқулода ва иҷрои дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Ситоди пешигирӣ аз ғарқшавӣ” 19 июли соли 2023 дар соҳили кӯлҳои “Ҷавонон”, “Чорбоғ”, ҳамчунин соҳили каналу дарёҳое, ки аз қаламрави пойтахт убур мекунанд, корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

Ҳушдори КҲФ аз селҳо ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 21-22 июли соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад, дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад болоравии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

Наҷоти як бонуи 28-солае, ки мехост худкушӣ кунад

Наҷотдиҳандагон аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки як ҷавонзани 28-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот диҳанд.

Ӯ сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд ва аз болои пул худро ба дарёи Сир андохта, хост бо ин васила ба ҳаёташ хотима бахшад.   

Зилзилаи имрӯз, ки марказаш Афғонистон буд

Мувофики маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июли соли 2023 соати 12:26 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши манбаъ маркази он 232 километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 161 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистони ҳамсоя буд

Имдодгарон мошинеро, ки ба канал сарозер шуда буд, берун кашиданд (ВИДЕО)

Дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз канали дериватсионии НОБ-и Варзоб мошини сабукрави навъи «Hyundai Avante»-ро, ки ахиран сарозер шуда буд, берун кашид.

Ин хабар рӯзи 18-уми июли соли 2023 ба Қисми навбатдории

Страницы