Ахбори рӯз

Ширкати кормандони Кумита дар ҳашари умумивилоятии Хатлон

Аз то 6 феврали соли 2021 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳашари умумивилоятие, ки бо дастури сарвари ин вилоят роҳандозӣ шудааст, ширкат карданд. Ҳадафи аслии ин чорабинӣ пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар мавсими зимистон ва баҳор буд.

Иқдомҳои шоиста. Дар Конибодом мавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда мешавад

Шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ меандешанд, ки роҳандозии  корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ аз ин ҷумлаанд.

Тамринҳои кимиёвӣ дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат барои соли 2021 рӯзи чоршанбеи аввали ҳар моҳ тамрини кимиёвӣ гузаронида мешавад. Рӯзи 3 феврали соли 2021 низ чунин тамринот аз ҷониби шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат бо иштироки ҳайати шахсӣ баргузор гардид.

Машғулиятҳои Маркази таълимӣ-методии Раёсати Суғд дар ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавкулодда дар доираи гузаронидани машғулиятҳо вобаста ба омода намудани аҳолӣ аз ҷониби афсарони маркази таълими-методии Раёсат бо 52 нафар  роҳбарони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои...

Дидору гуфтугӯ бо сокинони ноҳияи Вахш дар бораи пешгирӣ аз офатҳо

Рузҳои 29-30 январи соли 2021  бо мақсади беҳтар намудани сатҳи маълумотнокӣ ва огоҳӣ аҳолӣ ҳангои омадани сел ва интиқоли аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба бехавф дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш бо  бо фаъолону сокинон корҳои таблиғӣ роҳандозӣ шуд.

Дар дидору мулоқот сухан бештар аз фасли зимистон рафт. Бо назардошти ҳодисаҳои фоҷеабори чанд рӯзи охир ба

Страницы