Ду ҳодисаи дарёфти ҷасад дар Турсунзода. Яке духтари 17-сола, ки худкушӣ кардааст, дуюми зани 66-сола
Чоп шуд: 23/03/2024 | redaktor
21 марти соли 2024 тахминан соати 04:30 дақиқа як духтари 17-солаи сокини ҷамоати Қаратоғи деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо кадом сабаби номаълуме худро ба оби дарё ҳаво додаву ғарқ шудааст.
Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳи Турсунзода ва бахши ноҳияи Шаҳринав фавран даст ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ заданд.