Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода изҳор дошт, ки гармоиши умумиҷаҳонӣ бидуни шак ба пиряҳо бетаъсир намемонад. Зарфи ду соли охир мо шоҳиди болотарин ҳадди дамои ҳаво аз замони оғози мушоҳидаҳо шудем.
Вай ҳамчунин гуфт: Паёмадҳои манфии ин гуна равандҳо, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, падидаҳои хеле нигаронкунанда буда, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зерсохтҳо мешаванд.
Тағйири иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон ҳам бетаъсир намонд. Бар асари пайваста об шудан аз гармои бесобиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи даҳсолаҳои охир беш аз 1000 пиряхҳои хурду реза ба мавҷудияти худ хотима доданд.
Об шудани пиряхҳо наметавонад боиси ташвишу изтироб набошад.
Мо медонем, ки як далели ин раванд бевосита ба хушк шудани баҳри Арал марбут мешавад, ки дар солҳои охир гарду ғубор ва регу намакро ба фазо паҳн кардааст. Аз сӯи дигар ҳамроҳ бо боди анъанавии "афғонӣ"“ ки аз биёбонҳои сӯхтаву беоби Афғонистон мехезад, чангу ғубор ҳоло ба навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла водии Зарафшон расидааст.