Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ
Чоп шуд: 08/09/2018 | adminҲамватанони азиз!
Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.