Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп шуд: 31/07/2018 | adminИмрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, баррасӣ гардид.