Бо Пешво

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Пеш аз ҳама, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов дар муддати се соли охир, яъне баъди мулоқоти мову шумо дар маросими ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг ба шарофати заҳмати аҳлонаи сокинони он хеле ободу зебо ва пешрафта гардидааст.

Суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ»

Ширкаткунандагони муҳтарами форум!
Меҳмонони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи шуморо ба Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе хуш омадед мегӯям.

Баргузории ин чорабинӣ барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди иштирокчиёни он бисёр муҳим мебошад.

Доираи мавзӯъҳои форум сол ба сол васеъ гардида, сатҳи баррасии масъалаҳову натиҷагирӣ аз онҳо такмил меёбад.

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Навидҳо аз сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Япония

Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ изҳори сипос карданд. Таъкид гардид, ки Япония дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва мо аз рӯзҳои аввали

Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Япония

Дуввуми октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Япония сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Страницы