Бо Пешво

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон раҳнамои рушди давлатдории миллӣ аст

Чун анаъана Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро аст, ки бо воситаи он мавқеи сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиесати дохилӣ ва хориҷӣ...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2021

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021–ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям.

Туҳфаҳои солинавии Сарвари давлат ба хизматчиёни ҳарбии КҲФ расиданд

Дар арафаи иди Соли нав бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамаи сарбозон ва афсарони қисмҳо ва созмонҳои низомӣ, курсантони муассисаҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, оилаҳои сарбозон ва афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ ҳалок шудаанд, аз номи Сарвари давлат тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин

Страницы