Анҷоми тамринҳои муштараки шаш кишвари узви СПАД дар Қазоқистон

10-11 сентябри соли 2018 дар вилояти Олмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сеюмин омӯзиши муштараки тактикии  «Скала-2018» бо воҳидҳои мақомоти салоҳиятдор дар самти пешигирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД баргузор шуд, ки дар он  воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкар варзиданд.

Дар ин тамрин ҳамчунин аз  Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. 

10 сентябр 2 зинаи омӯзиш таҳия шуд ва дар доираи он дар шакли бозиҳои фармондеҳӣ-ситодӣ кори фаврии ситод  оид ба коркарди амалҳо ҳангоми таҳдид ва ба вуҷуд омадани заминларза, дақиқ намудани қувваҳо ва воситаҳои гурӯҳҳои наҷоти давлатҳои иштирокчии СПАД созмон дода шуд. 

11 сентябри соли 2018 зинаи сеюм – қисмати амалии омӯзиш дар базаи тамрингоҳ дар самти омодагии воҳидҳои наҷоти СПАД «Скальныйгород–Астана» (вилояти Олмаато, ноҳияи  Илийск) баргузор шуд.

Дар доираи зинаи сеюми омӯзиш намоиши садамавиву наҷоти техника ва таҷҳизот роҳандозӣ шуд. 

Барои тамрини иқдомоти амалӣ нӯҳ ҷойи омӯзишӣ ҷудо карда шуд, ки дар он шабеҳи ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун сохта шуда буд. Ҳар ҷой таъинот, зина ва шартҳои гузариши худро дошт. 

Тибқи ривояти тамринҳо дар қаламрави минтақаи аҳолинишин дар натиҷаи як заминларзаи харобиовар иншоотҳои саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ вайрон шудаву пулҳо хароб ва хавфи ихроҷи моддаҳои кимиёвиву радиоактивӣ таҳдид мекунад. Дар минтақа зарардиагон низ ҳастанд.

Наҷотдиҳандагон дар минтақаи заминларза бо истифода аз дастгоҳҳои паррон, эъзоми гурӯҳҳои наҷоти таъиноти махсус ва василаҳои кинологӣ корҳои иктишофӣ бурданд, корҳои наҷот дар минтақҷаи харобиҳои иншооти сохтмонӣ ва таҳдидҳои радиоактивӣ ва наҷоти зарардидагон ва интиқоли сокинонро роҳандозӣ карданд. 

Ғайр аз ин амалҳои муштарак оид ба хомӯш кардани сӯхтор ва гузаронидани корҳои садамавиву наҷот дар нақлиёти роҳи оҳан, расонидани аввалин кумакҳои тиббӣ ба зарардидагон, ба аҳолӣ расонидани ёриҳои башарӣ ва ғайра тамрин шуданд. 

Дар ҷараёни баргузории корҳои садамавиву наҷот воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ, дастгоҳҳои худпарвози бидуни сарнишини навъи чархбол, таҷҳизоти техникии роботӣ ба кор андохта шуданд. Дар умум дар ин тамринҳо 633 сӯхторхомӯшкунандагон ва наҷотдиҳандагон, 151 адад техникаи махсус ва 5 чархбол иштирок карданд. 

Наҷотдиҳандагони давлатҳои ширкаткунандаи СПАД дар ҷараёни тамрин на танҳо малакаҳои амалии худро ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовар такмил доданд, балки ҳангоми роҳандозии корҳои наҷот аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор шуданд.

Дар умум, тамринҳои наҷоти шаш кишвар нишон дод, ки бо қувваи якҷоя метавон оқибатҳои ҳар гуна офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаро ба зудӣ бартараф сохт. 

барчасп: