Руҷӯъ ба таърих: 85 сол аз фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузашт

Ин таърих аст ва бояд аз он ёд кард. 85 сол пеш аввалин маротиба қуллае, ки имрӯз номи Исмоили Сомониро дорад, фатҳ шуд. Қуллае бо баландии 7495 метр ва дар тӯли таърихи қариб сад соли охир се маротиб тағйири ном кардааст.

Ин қуллаи баландтарин кӯҳ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаи Помир ҷойгир аст. Солҳои тӯлонӣ кӯҳнавардон ва дигар мутахассисон дар бораи баландии он ва роҳҳои фатҳи он зиёд баҳс кардаанд. Соли 1928 билохира мушаххас шудааст, ки баландии он 7495 метр аст ва дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ баландтарин қулла мебошад. Аввалин касе, ки ин рақамро эълон кард, геодезияшиноси олмонӣ Финстервалдер буд.

Ва чун он замон беҳтарину хубтарин шаҳрҳо, калонтарин мавзеъҳо ва ободтарин маконҳо исми доҳии вақт Сталинро мегирифт, соли 1932 ба он низ номи Сталинро доданд. Доҳӣ он сол ба синни 55 қадам гузошта буд ва ба ифтихори ин санаи таърихӣ ин қуллаи баландтарини кишвар ба исмаш гузошта шуд. 

Соли 1962 ин қулла номи Коммунизмро гирифт ва аз соли 1999 он Қуллаи Исмоили Сомонӣ номида шуд.

Евгений Абалаков-фротеҳи
аввалини қуллаи исмоили Сомонӣ

Аввалин нафаре, ки ба фатҳи ин қуллаи баланд даст ёфт, кӯҳнаварди рус Евгений Абалаков буд. Ин ҳодиса соли 1933 иттифоқ уфтод. Охири моҳи августи соли 1933 шаш нафар аз ҷумлаи беҳтарину шинохтатарин кӯҳнавардони Иттиҳоди Шӯравӣ роҳии ин қулла шуданд.  

Дар роҳи расидан ба қулла ду нафар-кӯҳнавард  Николаев Н.А. ва боркаш Ҷамбой Ирале (аз илтиҳоби шуш) фавтиданд.  Аз баландии 6400 м  Горбунов, Абалаков Е.М., Гетйе А.Ф., Гушин Д.И. (ки баъдан захм бардошт), Шиянов Ю.М. (баъдан бемор шуд), Харлампиев А.Г. (ки баъдан аз идомаи роҳ худдорӣ кард), ба роҳ идома доданд.  Баландии 6900 м, 31.08.33…  Горбунов Н.П., Абалаков Е.М., Гетйе А.Ф. боқӣ монданд. 1-2.09 – тӯфони барфӣ... Гетйе саломатии худро зери хавф дид ва аз идомаи сафар даст кашид. 

Н.Горбунов
Горбунов ва Абалаков Е. боло мераванд. Дар роҳ, дар баландии 7380 метр Горбунов низ аз он ки ангуштони пояшро сармо зад, аз идомаи роҳ худдорӣ мекунад.  То қулла ҳамагӣ 115 метр боқӣ мондааст! Абалаков борхалтаи худро мегузорад ва ба пеш ҳаракат мекунад. Мушкил болои мушкил. Идома роҳи комилан барфпӯш, боди сард монеъи дигари пешрафт. Чӣ бояд кард? Қафо гардад? На, бояд ҳаракат кард. Ва меравад боло. Ниҳоят 3 сентябри соли 1933 ба қулла мерасад. 

 Тибқи иттилои манобеъи таърихӣ баъди поён шудан аз қулла Абалаков шарикаш Горбуновро бо пойҳои сармозада пайдо мекунад. Ба вай кумак мекунад, ки поин раванд. Ниме аз борашро бо худ мегирад ва бо азобҳои зиёд дӯсти кӯҳнавардашро поин мебарад. 

Ва боз:

Людмила Аграновская

Соли 1970 аввалин зан – устоди варзиш Людмила Семёновна Аграновская ин қулларо фатҳ кард.

Зимистони соли 1986 17 нафар варзишгарони Федератсияи Русия ва 7 нафар варзишгарони Узбекистон ба ин қулла боло шуданд.

Моҳи июли соли 1972 ба ин қулла Нишони давлатии СССР насб карда шуд. Баъдан намояндагони ҳамаи ҷумҳуриҳои Шӯравӣ парчами  худро насб карданд. Парчами Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро кӯҳнавард Виталий Шебитченко насб намуд.

Сагҳои сибирӣ дар роҳи фатҳи
қуллаи Исмоили Сомонӣ

Соли 1990 сайёҳи Шӯравӣ Владимир Ришкин бори аввал бо сагҳои сибирӣ ба қуллаи Коммунизм баромад. Ба қулла шабона расиданд ва вақти бозгашт се саг ба таври асроромез нопадид шуд. Мегӯянд дақиқан ин сагҳоро тармае, ки лағжид, бо худ бурд. Дигар аз онҳо нишоне пайдо накарданд.

Ин буд таърихи мухтасар ва баъзе ҷузъиёт аз фатҳи бузургтарин қулла дар қаламрави имрӯзаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

барчасп: