Теъдоди зарардидагон дар садамаи ҳавопаймо дар Сочӣ ба 18 нафар расид

Шумори зарардидагон бар асари оташсӯзӣ дар ҳавопаймои  Boeing 737 баъди нишасти изтирорӣ ба 18 нафар расид, ки 3 нафари онҳо бачаҳо мебошанд. Вазорати тандурустии Русия шоми гузашта теъдоди зарардидагонро шаш нафар эълон карда буд ва гуфта мешуд, ки чор тани онҳо ба бемористон муроҷиат кардаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ дар ин ҳодиса касе ҷон набохтааст, вале дафтари матбуотии фурудгоҳи Сочӣ ахиран эълон кард, ки ҳангоми бартарафсозии оқибати ин ҳодисаи нохӯш як корманд ба ҳалокат расид.    

Ҳавопаймоии мулкии Boeing 737-мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии  Utair, ки аз Маскав парвоз карда буд, шаби гузашта ҳангоми ба замин нишастан ба соҳили дарё афтод. Дар натиҷа пояҳои чархҳо ва болҳояш хароб шуданд, муҳаррики чапи он оташ гирифт. Қисмати пеши он низ зарар дид. Ҳамаи 164 мусофир ва шаш нафар ҳайати идории ҳавопаймо ба зудӣ ба макони амн интиқол ёфтанд.

Ширкати ҳавонавардии Utair эълон кард, ки ба омӯзиши фаврии иллатҳои суқути ҳавопаймо пардохтааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса паравандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. 

Зарфи даҳ рӯзи охир ин дуюмин ҳодисаест, ки ҳавопаймоҳо дар ин минтақа ба садама дучор мешаванд. Субҳи 22 августи соли ҷорӣ тайёраи Ту-204, ки мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии  Red Wings буд ва аз Уфа ба самти Сочӣ парвоз мекард, ба сабаби оташ гирифтани муҳаррикаш ночор шуд ба фуругоҳи пойтахти Бошқирдистон баргардад.

Дар ин ҳодиса касе аз мусофирон зарар надиданд, ҳамаи онҳо беосеб ба толори интизорӣ интиқол дода шуданд.

 

 

барчасп: