Ҳодисаи ду рӯзи пеш дар қаламрави ноҳияи Данғара то ҳол мағзҳои бедори миллатро ором намегузорад. Фоҷеаи мудҳиши қатли гардишгарони хориҷӣ ба дасти чанд қотил мавриди гуфтугӯҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, миёни мардум, доираҳои коршиносӣ ва ҳукумати кишвар шудааст. Ба ақли инсонӣ рост намеояд, ки чанд тани аз дину оин бехабар дар рӯзи равшан даст ба қатли афроде мезананд, ки ба орзуи тамошои табиати Тоҷикистон ва маконҳои таърихии он омадаанд. Дар Соли рушди сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат эълон шудааст, ин афрод хостанд чеҳраи поки Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нопок нишон диҳанд.
Дар аввалин соатҳои паҳн шудани ин хабар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли арзи тасаллият ба Президенти ИМА Доналд Трамп, подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Барсе аз фоҷеа изҳори таассуф карда, ҳамзамон хабар доданд, ки “ ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд”.
Дирӯз тамоми рӯз нерӯҳои интизомии кишвар барои безараргардонӣ ва боздошти ҷинояткорон сафарбар шуданд. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат аз сарварони мақомоти дахлдор ҳисоботи ҷараёни амалиётро хостанд ва барои дар кутоҳтарин фурсат боздошт ва ба ҷазо кашидани омилони ин ҳамлаи хунин супориш доданд.
Инак, субҳи имрӯз Вазорати корҳои дохилӣ аз анҷоми амалиёт расман хабар дод ва гузориши расмии онро то кунун кулли хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ нашр карданд.
Дар изҳороти расмии вазорат омада: 29 июли соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шветсария, Нидерландия ва Франсия, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд.
Пас аз онҳоро зада, аз по афтонидан, бо мақсади куштан бо олотҳои халандаю бурранда аз қабили кордҳои калон ва табарҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.
Ҳамон замон ба таври фаврӣ Ситоди байниидоравии махсус таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ А.Аламшозода таъсис дода шуд, ки он фаъолияти худро оғоз намуд. Дар он кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шомил гардиданд, ки амалиёти махсус ва дигар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро барои кушодани ҷиноят оғоз намуданд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса таъҷилан ҳозир шуда, оид ба ҳодисаи рухдода бо аломатҳои одамкушӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, амалиётҳои таъхирнопазири тафтишотӣ-оперативӣ ҷиҳати ошкоркунии ҷиноят ва дастгир кардани ҷинояткорон ба роҳ монда шуд.
Ҳангоми ҷустуҷӯи ҷинояткорон бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара дарёфт карда шуд. Баъдан ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир карда шуд.
Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович
Ҷинояткори дигар – Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона бо истифода аз табар ба баногӯши корманди мақомоти корҳои дохилӣ – муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД подполковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул зарба задан, безарар гардонида шуд. Дар натиҷа ба Назарзода Ҷ.М. зарари вазнин ба саломатӣ расонида шуд.
Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар, зода ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт ва гирифта шуданд.
Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич
Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. бармеояд, ки номбурда дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси «Қорӣ-Носир» вохӯрӣ намуда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати Ислом шомил гардидааст.
Шарипов Диловар
Фармоишгари ҷиноят Убайдов Н.А., ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ ( бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад.
Сипас, Абдусамадов Ҳ.А. бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Убайдов Н.А. ҷинояти мазкурро бо бераҳмии махсус бо дигар шариконаш содир намуданд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.
Назаров Ҷамшед
Муайян гардид, ки бародари Абдусамадов Ҳ.А. Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович бо тахаллуси «Мулло Умар» аъзои ташкилоти террористии «Ҳаракати Исломии Туркистон» ба ҳисоб рафта, айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишӣ 4 нафар ҷинояткорон – Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсуфов Ҷаъфариддин дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара аз тарафи гурӯҳи оперативӣ дарёфт гардида, бинобар сабаби ҳуҷуми мусаллаҳона бо олотҳои халандаю бурранда, аз ҷумла корд, табар, дост ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номбурдагон дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуданд.
Сайфиддинов Вайсиддин
Ба гумонбарии алоқа ба ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ сокинони шаҳри Кӯлоб Шарипов Диловар, Назаров Ҷамшед, сокини ноҳияи Ҷайҳун Сайфиддинов Вайсиддин ва барои маблағгузорӣ намудани ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бошад, сокини шаҳри Норак Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич дастгир карда шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷинояти мазкур пурра ошкор гардида, гумонбаршудагон Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович 11.06.1985 соли таваллуд, зодаи ноҳияи Панҷ, сокини шаҳри Душанбе дастгир шуда, Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович, соли таваллуд 14.01.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати С. Кабуд, деҳаи Селга;
Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович
- Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, соли таваллуд 14.11.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати С. Кабуд, деҳаи Селга;
Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич
- Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович соли таваллудаш 11.01.1997, сокини шаҳри Норак, кӯчаи Тургенева, хонаи 14, ҳуҷраи 23;
Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович
- Юсупов Аслиддин Давлатбекович, соли таваллуд 26.03.1992, сокинони шаҳри Норак, кӯчаи Тургенева, хонаи 14, ҳуҷраи 23 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо безарар карда шуданд.
Юсупов Аслиддин Давлатбекович
Қайд намудан зарур аст, ки дастгиршуда Абдусамадов Ҳусейн қаблан барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди Федератсияи Россия маҳбас шуда буд.
Инчунин, маълум карда шуд, ки Абдусамадов Ҳусейн ба Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович ва Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич хешу табори наздик мебошанд. Ҳамчунин, Юсупов Ҷаъфариддин ва Юсупов Аслиддин бародари якдигар мебошанд.
Гарчанде, ки оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ барои одамкушӣ оғоз шуда бошад ҳам, тафтишот дигар фарзияҳои эҳтимолиро истисно намекунад.
Рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бевосита таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дорад”.
Оре, тафтишот ҳоло идома дорад ва шояд дар ҷараёни он ҷузъиёти дигар ошкор шавад. Вале он ки ҳадаф рехтани обрӯи кишвар дар ҷомеаи байналмилалӣ буд, пӯшида нест. Душманон хостанд бо ин васила вазъи Тоҷикистонро барои гардишгариву сайёҳӣ ноамн ҷилва диҳанд.
Тоҷикистон нав имкон пайдо карда буд имкониятҳои сайёҳии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Аз аввали сол то кунун бино ба омори расмӣ шумори сайёҳон ба кишвар ба маротиб афзуд. Оламиён бештар аз пештар ба манзараҳои дилфиреби мамлакати мо, маконҳои таърихии он таваҷҷӯҳ мекунанд. Умед аст ин амали террористӣ монеъи рушди ҷаҳонгардиву сайёҳӣ дар кишвар намешавад. Зеро тири душманон хок хӯрд ва омилони ин ҳамлаи хунин боздошту безарар гардонида шуданд.