Дар кӯҳҳои Қирғизистон амалиёти наҷоти кӯҳнавардони русу қазоқ, ки дар пиряхи ба номи Скрябина зери сангрезиш мондаанд, идома дорад. Элмира Шерипова-сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта ва чанд тани дигар зарар дидаанд.
Рӯзи душанбе Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ хабар дод, ки миёни гардишгарон дар пиряхи Скрябинаи Қирғизистон шаҳрвандони Қазоқистон низ буданд. Тибқи хабарҳои пешакӣ як нафар аз ин афрод ба ҳалокат расидааст ва аз маҷҷудияти ҷабрдидагон низ хабар дода мешавад. ВҲФ Қирғизистон аз Қазоқистон барои ҷустуҷӯ ва наҷоти кӯҳнавардон чархбол дархост кард.
Шерипова гуфтааст, ки “Чанде пештар ҳангоми боло шудан ба пиряхи Скрябина, ки 4100 метр баланд аз сатҳи баҳр аст, кӯҳгардон ба резиши санг рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷа яке аз онҳо, ки шаҳрванди Қазоқистон буд, кушта шуд ва дигарон зарарҳои ҷисмонӣ диданд. Дар миёни кӯҳгардон чор нафар шаҳрвандони Русия ва се тани дигар аз Ҷумҳурии Қазоқистон мебошанд”.
Бино ба гуфтаи манбаъ соати 7 субҳ чархболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон аз шаҳри Олмаато ба самти пиряхи Скрябина парвоз кард.
Макони ҳодиса роҳҳои мушкилгузар дорад ва аз халабонҳо маҳорати хоса талаб мекунад. Аввали моҳи июли соли равон чархболи нерӯҳои ҳавоии Қирғизистон ҳангоми кӯшиши интиқоли гурӯҳи варзишгарон аз майдони Энилчеки Ҷанубӣ ба ноҳияи Хан-Тенгрӣ чаппагардон шуд ва ҳамаи 15 нафар сарнишинони он зарар диданд.
Ду сол пеш ҳам ҳангоми наҷоти кӯҳнаварди рус дар пиряхи Энилчеки Шимолӣ чархболи Ми-8МТВ мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Қирғизистон дучори садама шуда буд ва барои наҷоти халабонҳои он чанд шабонарӯз лозим шуда буд.