Ҳалокати ҳашт нафар дар сӯхтори як хона дар Сочӣ

Дар сӯхтори як хонаи чӯбӣ дар Сочӣ ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора ахиран Интерфакс истинодан ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дод.

Ҳамсӯҳбати хабаргузорӣ аз ҷумла гуфтааст: “Бар асари оташсӯзӣ дар як хонаи чӯбӣ воқеъ дар кӯчаи  Просвещения ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд".

Ин манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар сӯхтор се тани дигар зарар дидаанд, ки яке аз онҳо навраси 16-сола мебошад. Зарардидагон фаврӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Мақомот эълон крадаанд, ки майдон 300 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст ва танҳо се нафар имкон пайдо кардаанд наҷот ёбанд.  

Дар бораи ҷузъиёти дигари сӯхтор иттилоъ дода нашудааст.

барчасп: