21 июни соли 2018 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо Дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ В.В. Кувшинова ва роҳбарони як қатор созмонҳои ҷаҳонии муқими Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Лякин-Фролов ширкат намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба равобити дуҷониба ва ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои барои тарафҳои манфиатовар табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ дар масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон ва табодули иттилоот баррасӣ гардид.
Дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои маркази мниторинг ва ҳамоҳангсозӣ, ки ба коркарди иттило оид ба ҳолаҳои фавқулодда машғул аст, нақл кард.