Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» аз меҳмонхонаи «Сирена» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Мӯҳриддин, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Чженмин, сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об Кристина Леб, аъзои Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда ва намояндагони як зумра созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С. Мӯҳриддин вобаста ба фаъолияти Кумитаи тадорукоти миллӣ оид ба баргузор намудани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», омодагиҳо ҷиҳати баргузор намудани ин чорабинии муҳим ва дастгирии амалии Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда иттилоъ дод.
Ҳадафҳои Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда ҷалби бештари тарафҳои ҳавасманд дар марҳилаи омодагӣ, ба назар гирифтани пешниҳодоти онҳо дар марҳалаи қабули қарор, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои дигари байналмилалӣ бо Конференсияи мазкур маънидод карда шуд. Дар ҷаласа зикр карда шуд, ки бо дарназардошти барномаи васеи Конференсияи мазкур ва сатҳу доираи ширкаткунандагони он Кумита ба ҳадафҳои худ ноил гардидааст. Дар ҷаласаи имрӯза асосан санадҳои ниҳоии Конференсия ва иқдомҳои минбаъдаи он баррасӣ карда шуданд.
Хотирнишон мекунем, ки Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 20 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе расман ба кори худ шурӯъ мекунад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар Конференсияи мазкур намояндагони зиёда аз 110 мамлакати ҷаҳон иштирок кунанд.
Манбаъ: “Ховар”