Дар як шабонарӯз панҷ нафар сокинони кишвар дар обҳо ғарқ шудаанд, ки се тани онҳо кӯдакону наврасон мебошанд

Сарфи назар аз ҳушдорҳо дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кишвар 5 нафар дар об ғарқ шудаанд, ки 3 тани онҳо кӯдакону наврасони то 15-солаанд. Оғози мавсими оббозӣ ва шиновариву истироҳат дар соҳили рӯдхонаҳо ва махзанҳои об масъулияти инсонҳоро барои таъмини бехатарии шахсиашон боло мебарад. Бахусус, волилидон бояд нагузоранд, ки фарзандони бехабар аз қоидаҳои шиноварӣ бе худи онҳо вориди об шаванд.

Аз якуми июн расман мавсими оббозӣ шурӯъ шуд. Маъмурияти шиногоҳҳои кишвар то имрӯз ҳама корҳои омодагӣ ба мавсимро анҷом доданд ва соҳилҳоро барои истироҳати тобистонаи шаҳрвандон омода намуданд. Чораҳои бехатарӣ ва риояи қоидаҳои шиноварӣ бахши муҳими корҳои таблиғӣ маҳсуб мешуд, ки роҳандозӣ шуд ва ҳамвора ин гуна чорабиниҳои гузаронида мешаванд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як силсила тафтишу санҷишҳо дар иншоотҳои обӣ ва махзанҳои об гузарониданд, камбудиҳоро ошкор карданд ва барои рафъи онҳо пешниҳодҳо ирсол намуданд. Ба маъмурияти шиногоҳҳо барои аз байн бурдани норасоиҳо ва роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ ёриҳои амалӣ расониданд ва мерасонанд.

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ва сарфи назар аз ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавриди риояи қоидаҳои рафтори бехатар дар об ва оббозӣ накардан дар ҷойҳои мамнӯъ, одамон ҳамвора талош мекунанд ба зарари амнияту бехатарии худ ин ҳама ҳушдорҳоро нодида гиранд ва даст ба амалҳо зананд, ки оқибатҳои фоҷеавӣ дар пай доранд. 

Маълумоти фаврӣ, ки ахиран ба қисми навбатдории Кумита расидааст, нишон медиҳад, ки зарфи як шабонарӯзи гузашта дар махзанҳои оби икшвар 5 нафар ғарқ шудаанд, ки се нафари онҳо кӯдакону наврасони то 15-солаанд. Барои пайдо кардани ҷасадҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шуданд. Ҳамаи ҷасадҳо аз обҳо берун оварда шуда, ба мақомоти дахлдор расонда шуданд. 

Сабаби аслии ғарқ шудани кӯдакон дар обҳо оббозиро натавонистани онҳост. Беназоратии волидон ва худсарии наврасон боиси он мешавад, ки инсонҳо ғарқ ва бо ҳаёти худ падруд гӯянд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад: ғамхори бехатарии худ бошед! Қоидаҳои шиноварӣ ва будубош дар соҳили рӯдхонаҳо ва дигар махзанҳои обро риоя кунед.

Волидон набояд ба сарнавишти фарзандонашон бепарво бошанд. Нагузоред, ки онҳо ба танҳоӣ вориди об шаванд, дар ҳоле, ки медонед, онҳо оббозиву шиноварӣ намедонанд!

барчасп: