Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо иштироки муовини якуми Раиси Комиссия Раҳматзода Рустам Мирзо ва аъзои Комиссияи мазкур - раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки аҳолии зарардидаи вилоят пайваста аз ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бархурдор мебошанд. Дар нимсолаи аввали соли 2018 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба зарардидагон ба маблағи умумии 9000 сомонӣ кумаки яквақта расонд. Инчунин ҷиҳати гузаронидани корҳои пешгирикунанда аз захираҳои вилоят 7000 литр сӯзишвории дизелӣ ба шаҳри Панҷакент ҷудо карда шуд.
Ҳамзамон вобаста ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи КомиссияидавлатииҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва бандҳои алоҳидаи протоколи ҷаласаи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҷиҳати вусъат додани корҳои пешгирикунанда, сари вақт хабардор намудани аҳолӣ аз хатарҳои таҳдидкунанда, ташкил ва истифодабарии дурусти захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла:
- бо мақсади сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда тибқи барқияҳои телефонии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 адад барқияҳои огоҳӣ оид ба тағйир ёфтани вазъи обу ҳаво ва эҳтимоли ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сари вақт ирсол карда шудаанд;
- сардорони бахшу шуъбаҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо афсарони масъули Раёсати вилоят бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда вохӯриҳои мухталиф дар ҷамоатҳо бо аҳолии дар минтақаҳои осебпазир истиқоматкунанда ташкил ва гузарониданд, фаъолият дар ин самт идома дорад;
- Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 778 аз 29 декабри соли 2006 «оид ба тасдиқ намудани қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» дар нисолаи аввали 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҳисоби маблағҳои озод ва фонди захиравии Раисони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 100, Айнӣ 80, Гулистон 30, Зафаробод 20, Конибодом 20, Истиқлол 20, Шаҳристон 10, Ашт 30, Мастчоҳ 10, Бӯстон 15, Деваштич 10, Кӯҳистони Мастчоҳ 15,2, Ҷаббор Расулов 15, Истаравшан 10, Хуҷанд 50 ҳазор ва дар маҷмӯъ 435 ҳазору 200 сомонӣ маблағ захира карда шуд.
Тибқи Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 3 марти соли 2018 ба шаҳри Панҷакент 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, ба ноҳияи Айнӣ 5 ҳазор, Кӯҳистони Мастчоҳ5 ҳазор, Ашт 30 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна семент, 5 ҳазор метри квадрати симтӯр ва 2 тонна арматура ҷудо карда шуд, ки маводҳои сӯзишворӣ ва сохтмонӣ баҳри гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани селроҳаҳои хавфнок ба шаҳру ноҳияҳои номбаршуда ворид карда шуда ва дар ҳамкорӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар селроҳаҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои зикргардида корҳои тозакунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ташкил ва гузаронида шуданд.