Роҳандозии дарсҳои омӯзишӣ миёни афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии Кумита дар вилояти Хатлон

Ҳаждаҳ нафар афсарон ва ҳаштоду ду нафар сарбозони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба усулҳои истифода аз таҷҳизоти нави наҷотдиҳӣ омӯзиш диданд. Ин омӯзишҳо тибқи нақша пайваста сурат мегиранд ва ҳадаф аз он омодагии ҳамешагии хизматчиёни ҳарбӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои наҷот дар офатҳои табиӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда аст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда рӯзи 7-уми июни соли равон дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Хатлон 18 нафар афсарон ва 82 нафар сарбозон ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, роҳу равишҳои истифодаи таҷҳизоти нави наҷотдиҳанда ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Дар дарси омӯзишӣ афсарону сарбозон бештар ба таҷҳизоти нави наҷот, ки ахиран ворид шудааст, шинос шуданд ва тарзи истифода аз онҳо дар ҳолатҳои гунгуни фавқулоддаро омӯхтанд.

Дар ин дарси омӯзишӣ дар мавриди наҷоти одамони ғарқшуда, риояи қоидаҳои будубош дар махзанҳои об, таблиғу талқини риояи қоидаҳои бехтарии шиноварӣ ва оббозӣ, пешгирӣ аз хатари офатҳои табиву техногенӣ ва ғайра сухан рафт. 

Дар бахши амалии омӯзиш сарбозон усулҳои истифода аз техника ва таҷҳизоти навро амалан омӯхтанд.

Чун ҳамеша дар поёни дарс миёни мураббиён ва ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.

Дарсҳои назариявиву амалӣ ва омӯзишҳо барои шумори дигари сарбозону афсарони қисми низомӣ идома доранд.

барчасп: