Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар вилояти Хатлон дар байни аҳолии ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Ҳазорхами ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ дар кӯлу дарёҳо, расонидани ёрии аввалия ҳангоми ғарқшавии шаҳрвандон аз тарафи мутахассисони Раёсат корҳои фаҳмондадеҳӣ гузаронида шуд.
Аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ лавозимоту таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва нақлиёти махсуси наҷотдиҳии ғаввосӣ намоиш дода, таррзу усулҳои истифодабарии онҳо нишон дода шуд.
Мутахассисон ба саволҳои додашудаи аҳолӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.
Бурдани корҳои фаҳмондадеҳӣ дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.