Омӯзиши аҳолии ноҳияҳои Ҳисор ва Варзоб ба қоидаҳои бехатарӣ

Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши аҳолии минтақаи хатар, селосо, сангрез ва зери таҳдид обхезӣ қарордошта идома медиҳанд.

Чунончӣ, ин гурӯҳ дар муддати се рӯзи охир дар миёни аҳолии ҷамоатҳо ва шаҳракҳои Ҳисор, Лучоб, деҳаҳои Косатароши поён ва Чорводори ноҳияи Варзоб дарсҳои омӯзишӣ гузарониданд. 

Дар рафти роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисони Кумита дар ҳар ҷамоат ба сокинон қоидаҳои амал ҳангоми омадани сел, ярч, заминларзаро фаҳмониданд. Ҳамзамон бо ин рақами телефонҳои хадамоти фавриро ёдрас карданд. 

Ғайр аз ин мутахассисони КҲФ ба мақомоти идории маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ёрӣ расониданд.  Ҳамчунин қоидаҳои амал дар махзанҳои обро низ фаҳмониданд. 

Вазифаҳои омӯзишҳо ибаратанд аз:

- коркарди дидгоҳҳои ягонаи роҳбарони деҳот ва ҷамоатҳо дар нишон додани равишҳои самаровари ташкили идора, хабаррасонӣ ва алоқа, омӯзонидани аҳолӣ ба амалҳо дар ҳолатҳои ногаҳонӣ;

- тафтишу санҷиши ҳамаҷонибаи омодагиҳо ба роҳандозии чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда;

- ба вуҷуд овардан ва рушд додани сифатҳои баланди ахлоқӣ-равонӣ, муносибати бошуурона ва масъулиятшиносонаи аҳолӣ ба амнияти шахсӣ ва атрофиён.

Дар поёни ҳар мулоқот ба ширкаткунандагон дастурҳо оид ба қоидаҳои бехтарӣ дар  ҳолатҳои фавқулодда тақсим карда мешуданд.

барчасп: