Шиногоҳи калонтарин дар шаҳри Хуҷанд оғоз ба кор кард

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ва оғози мавсими оббозӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шиногоҳи таъмиршудаву барқароршуда дар соҳили дарёи Сир аз нав ба фаъолият оғоз намуд.  Ин бузургтарин макони истироҳати тобистонаи сокинони шаҳри Хуҷанд аст, ки баъди солиёни зиёди бекорӣ дубора таъмиру тармим шуд ва дар хизмати сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ қарор гирифт. Масоҳати умумии он 5 гектарро дар бар мегирад ва дар миқёси вилоят аз калонтарин мавзеъи оббозии соҳили дарё маҳсуб мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи шиногоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуд. Вай ҳамроҳ бо шаҳрдори Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ бо шароитҳои фароҳамомада дар ин маҳалли тафреҳиву оббозӣ шинос шуд. 

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо шиногоҳ изҳор дошт, ки ин макон баъди Истиқлолият бори аввал таъмиру тармим мешавад ва аввалину охирин иншооти истироҳати тобистона нахоҳад буд. Минбаъд ҳукумати вилоят барои афзудан ба теъдоди ин гуна истироҳатгоҳҳо ва беҳбуди шароит дар онҳо талош хоҳад кард. Ваё ба масъулин дастур дод, ки барои истироҳаткунандагон беҳтарин шароитҳоро фароҳам оранд, нуқтаи иловагии савдо боз кунанд.

Масъулин ҳамчунин сарвари вилоятро дар бораи шароитҳои таъмини бехатарии истироҳаткунандагон ва фаъолияти хадамоти наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ошно намуданд. 

Сарвари вилоят ба масъулини Раёсати КҲФ дастур дод, ки дар ин мавсим қабл аз ҳар чизи дигар корҳои таблиғиро ба хотири пешигирӣ аз рӯйдодҳои нохӯши эҳтимолӣ, ғарқ шудани одамон ба роҳ монанд. Вай гуфт, ки барои таблиғ бояд аз ҳама минбарҳои таблиғотӣ, аз ҷумла расонаҳои хабарии давлативу хусусӣ истифода баранд.

Сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, полковник Б.Додиён иттилоъ дод, ки бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин мебошад. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.

барчасп: