Ифротгароиро решакан мебояд, зеро хатари он ба ҷомеа андак буда наметавонад

Дар қонунгузории мамлакат зимни шарҳи мафҳуми «экстремизм» (ифротгаройӣ) омадааст, ки он фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо мақсади нооромӣ, дигаргункунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва амсоли инҳо мебошад. ғоя ва идеология одатан дар ҳолате ба ҷиноят мубаддал мегарданд, ки усули ноилшавӣ ба мақсад ва ҳалли масъалаҳо бо роҳи сиёсӣ интихоб карда шаванд. Ифротгароён метавонанд ба музокирот ворид гардида, шарт ба миён гузоранд ё уҳдадории муайянро ба зимма гиранд ва ё рад кунанд.

Дар ҷомеаи имрӯза бештари амалҳои ифротгаройӣ хусусияти динӣ дошта, тавассути дин сурат мегиранд. Дар чунин ҳолат мақсади асосӣ тарғиби ғояҳои динӣ набуда, балки ноором намудани вазъи ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро ин намуди ифротгаройӣ асоснок намудани фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардае аст, ки ба зӯран тағйир додани сохти давлат бо роҳи зӯрӣ ё ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат алоқаманд аст.

Таҷрибаи ҳосилнамудаи фаъолияти мақомоти судӣ нишон медиҳад, ки парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба содир гардидани чунин категорияи ҷиноятҳо кам нестанд. Аз баррасии парвандаҳо аён мегардад, ки бештар ҷавонон, бинобар огоҳ набудан аз таъриху фарҳанги миллат ва дину мазҳаб ба равияҳои гуногуни сиёсию динӣ, ки ба мақсаду мароми давлат ва миллат мувофиқ нестанд, шомил мегарданд. Судҳо ба ғайр аз ҷазо таъин кардан, ҳамчунин дигар чораҳои қонун пешбининамударо баҳри аз байн бурдани сабабу шароитҳое, ки барои содир шудани ин кирдор мусоидат кардаанд, меандешанд. Чунончӣ, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳҳои судӣ дар байни аҳолӣ, иттиҳодияҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва сокинони шаҳру ноҳияҳо оид ба оқибати содир намудани ҷиноятҳои зикргардида суҳбату вохӯриҳо барпо намуда, даъват ба амал меоранд, ки аз шомил шудан ба равияҳои ифротгаройӣ худдорӣ намоянд.

Сарфи назар аз он ки чораҳои пешгирӣ амалӣ карда мешаванд, имрӯзҳо дар воситаҳои ахбори омма, алалхусус шабакаҳои гуногуни интернетӣ, як қатор ҷосусони хориҷӣ ба таблиғу ташвиқи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа машғул буда, мафкураи ҷавононро заҳролуд менамоянд. Аъзои ин гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ равияи худро давлат ном мебаранд. Вале онҳо қотилону ҷинояткороне мебошанд, ки баҳри расидан ба мақсадҳои нопоку аҳриманӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ фаъолият ба роҳ мондаанд. Бинобар ин, ифротгаройӣ ва терроризм хатари калони ҷамъиятӣ дошта, ба бехатарии давлат таҳдиди ҷиддӣ дорад.

Илова бар ин, мардум набояд ба паҳншавии амалҳои ифротгаройӣ бетарафӣ зоҳир намоянд, зеро маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта мавқеи халқ дар қонунгузорӣ мустаҳкам гардидааст. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ин ҷиноятҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экстремизм (ифротгаройӣ)» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд. Дар пешгирии ин ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа нақши оила низ калон буда, ҳамчун ниҳоди асосӣ уҳдадор аст, ки мутобиқсозии ҷавононро дар шароити муосир ва ҳифзи онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ таъмин намояд. Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии фаъолияти ифротгаройӣ дар мамлакат таъсис ва бақайдгирии созмонҳои экстремистӣ ё созмонҳое, ки ба фаъолияти ифротгаройӣ мусоидат мекунанд, манъ шудааст. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавононро мебояд, ки арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро пос дошта, барои пешрафту нумӯи Ватан ҳар чӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, сатҳи донишҳои сиёсии худро баланд бардоранд. Зеро яроқи асосии инсон баҳри ҳимоя аз ҳама гуна воқеот дониш, илм, маҳорату кордонӣ ва зиракии сиёсӣ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату вохӯриҳояшон доир ба шомил гардидани ҷавонон ба равияҳои ифротиву иртиҷоӣ изҳори назар намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ҳар як фарди бонангу номуси миллат бояд онҳоро сармашқи кору фаъолият қарор дода, дар решакан намудани зуҳуроти ифротию террористӣ саҳм гузорад.

Ҷамила Абдулхайрзода,
Шералӣ Қурбонов,

кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе

БОЗЧОП: «Садои мардум»№64 (3858) 24.05.2018

барчасп: