Шояд бисёриҳо кори наҷотбахшону ғаввосонро саҳлу осон пиндоранд. Аммо, дар асл чунин нест. Барои баъзеҳо ҳатто дар болои об шино кардан орзуи ҳамешагист. Аммо, ғаввосон ҳаёти худро зери хатар гузошта, аз қаъри об инсонро гоҳе зиндаву гоҳе беҷон берун меоранд. Ин касб хеле мушкилу хатарнок аст.
Баробари оғози фасли гармо ва мавсими шиноварӣ ташвишҳои наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар мешавад. Ҳарчанд дар мавсими сармо низ кори онҳо хело сангин ва хатарнок аст. Зеро фаъолияти ин ниҳод асосан аз наҷоти ҳаёти одамон ва интиқоли мардум аз ҷойи ҳодиса ба минтақаи бехатар иборат аст.
Барои пешгирӣ аз ғарқшавӣ ва ҳалокати шаҳрвандон ё аз об берун овардани ҷасади ғарқшудае дар вилоятҳо ва баъзе шаҳрҳои мамлакат гурӯҳи ғаввосон фаъолият мекунанд. Танҳо соли 2017 наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз кӯлу дарё ва кӯҳҳо зиёда 200 нафарро аз марг наҷот додаанд, ки дар ин миён сайёҳон низ ҳастанд.
Барои наҷоти сокинони пойтахт ҳангоми шиноварӣ дар кӯлу ҳавзҳо соли 2010 дар назди раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ таъсис дода шуд. Кори ин даста барои иҷрои амалҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд ва расондани ёрӣ ба аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, инчунин, фалокату садамаҳо пешбинӣ гардидааст. Ин даста бо дархост ба шаҳру навоҳии тобеи марказ низ сафарбар мешавад.
Ҳайати шахсии дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ бо 21 нафар хизматчии ҳарбӣ дар се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ғаввосони ин даста, ки иборат аз 7 нафаранд дар ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбанд. Барои мисол соли 2017 дар мусобиқаи бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагон дар эстафетаи ғаввосӣ гурӯҳи ғаввосони ин даста ҷой аввалро гирифта буд.
Шуҳрат Сафаров, фармондеҳи дастаи мазкур, дар суҳбат изҳор дошт, ки омӯзиши гурӯҳи ғаввосон дар асоси ҷадвали раёсати хадамоти марказонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии кумита дар обанбори «Норак» ва «Баҳри тоҷик» сурат мегирад. Ин ду обанбор барои омӯзиши ғаввосон макони хуб мебошанд. Зеро оби хеле соф ва бехатар доранд. Баъди гузаштани курсҳои омӯзишӣ ғаввосон соҳиби сертификати махсус гардида, ба онҳо иҷозатнома барои даромадан то чуқурии муайян дода мешавад. Бори аввали то 12 метр иҷозатнома мегиранд. Феълан ғаввосони дастаи мо то чуқурии 27 метр иҷозатнома доранд, - мегӯяд Шуҳрат Сафаров.
Дастаи махсуси зудамали раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе соли гузашта бо дастгирии раиси шаҳр бо 3 адад газел ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин шуданд, ки ба осонии кори онҳо мусоидат мекунад.
Ғаввосон дар баробари дарсҳои омӯзишӣ пайваста дарсҳои равоншиносӣ низ мегузаранд. Инчунин, онҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вақти рухсатии меҳнатӣ барои гирифтани табобат ба истироҳатгоҳҳо фиристода мешаванд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
БОЗЧОП: аз 24 майи соли 2018 № 103(23446)