Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Ҳар сол дар қаламрави Тоҷикистон рўзи 23 май ҳамчун рузи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар сар то сари кишвар чорабиниҳои зиёде тарҳрезӣ мешаванд, барномаҳои хуби консертӣ, намоишҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

23 – уми майи соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва ҳайати шахсӣ ширкат карданд. 

Ҷонишини Раиси Кумита, полковник Муҳаммадҷон Салимзода ҳайати шахсиро ба ин муносибат муборакбод кард ва қайд намуд, ки дар кишвар рӯзи ҷавонон ҳамасола қайд карда мешавад ва ин гувоҳи таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвар ба масъалаҳои ҷавонон мебошад.

“Ҷавонон дар Тоҷикистон қувваи пешбаранда  ва созандаи кишваранд. Шумо ояндаи мамлакати азизи моед”,-гуфт вай ба ҷавонон муроҷиат намуда. 

Собиқадорон ва афсарони Кумита зимни суханрониҳои худ аз ҷавонон даъват карданд, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва дар ҳимояи музаффариятҳои истиқлолият омода бошанд, дар рушди ҷомеа ва кишвар ҳиссаи сазовору шоистаи худро гузоранд. 

 Аз сари субҳ шабакаҳои иҷтимоӣ саршори табрикоту таманниёт ба ифтихори ин рӯз аст. Ва хабарҳои зиёде ҳам аз гӯшаву канори кишвар нашр шуданд, ки аз таҷлили Рӯзи ҷавонон ҳикоят мекунанд.   

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон, таъмин намудан ба ҷойҳои нави корӣ, донистани илмҳои техналогияи коммуникатсионӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намудаанд ва пешниҳодҳои ҷавононро баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон доимо дастгирӣ менамоянд. Ҷавононро мебояд аз ин имкони хуб истифода намоянд.

Имрӯз барои ҷавонии хушбахт дар кишвар ҳама шароитҳо фароҳаманд. Бахусус, дари муассисаҳои илмӣ ба рӯйи ҷавонон бозанд. Миллат аз ҷавонон интизори кушоишҳои илмист ва танҳо доштани дониши хубу замонавӣ метавонад дари фатҳу кушоишҳои илмиро боз кунад.

Тавре, ки Пешвои миллат зикр намудаанд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерўи созанда ва ояндаи миллатанд». Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан ҳизмати содиқона намуда, марзу буми  онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медоранд.

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи афкори нав, эҷодкори тақдири имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ғамхории Пешвои миллат нисбати ҷавонон рўз аз рўз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтаринро дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омўзишгоҳу қоллеҷҳо фароҳам намудаанд.

барчасп: