Бо фаро расидани мавсими гармо одамон ҳарчӣ бештар ба соҳили дарёҳо, ҳавзу кулҳои шиноварӣ мераванд, то соатҳои фориғ аз ташвишҳои рӯзгорро бо истироҳату фароғат пушти сар кунанд. Камтар аз як моҳ мондааст то он замоне, ки тафреҳгоҳҳои шиновариву истироҳатӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Ин аст, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қабл аз оғоз ҳолати омодабошии онҳоро месанҷанд.
Гурӯҳи корие, ки аз ҷумлаи кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд таъсис шуда буд, якҷо бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ба тафтиши соҳилҳо дар оғози мавсими оббозӣ ва истироҳат шурӯъ карданд. Қарор аст аз аввали моҳи июн тафреҳгоҳҳои кишвар дар соҳили рӯдхонаву обанборҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо ба фаъолият пардозанд ва бо ин мавсими оббозиву истироҳати тобистона низ оғоз мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки пляжҳои қаламрави вилоят ба мисли корти сафарӣ ба кишвари моянд ва аз ин рӯ бояд аз вазъи онҳо доим бохабар буд.
Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи кунунии ин тафреҳгоҳҳо ҳолати техникии пулҳо, бурҷҳо, ки одамон аз онҳо ба об мепаранд ва ҷойи оббозии кӯдакон санҷида шуданд. Ҳамчунин ба талабот мувофиқ будани марзҳои шиноварӣ, мавҷуд будани санадҳои тафтишоти ғаввосии чуқурии макони оббозӣ, гӯшаҳои маводҳои таблиғотиву пешгирикунанда аз ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо, қоидаҳои рафтор ва оббозӣ дар пляжҳо, схемаи қитъаи пляж бо нишондоди чуқурии он ва ҷойҳои пурхатар, дар атрофи пляжҳо мавҷуд набудани нуқтаҳои ҳаркати гидросиклҳо ва дигар воситаҳои шиноварӣ, ки ба ҳаёти истироҳаткунандагон хатар доранд, низ тафтиш карда шуданд.
Баъди он ки ба талабот мутобиқ будани ҳолати ин тафреҳгоҳҳои соҳилӣ муайян шуд, ба онҳо санади иҷозати истифодаи пляжҳо дода шуд.
Дар оғози фасли шиновариву оббозӣ неруҳо ва воситаҳои КҲФ барои расонидани кумакҳои фавриву зарурӣ омода шудаанд. Таъмини бехатарии одамон як самти муҳим ва вазифаи асосӣ дар фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мебошад.