Баргузории ҷаласаи Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо

30 – уми марти соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Дар кор он ҷонишини Раиси Платформаи миллӣ – Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода, аъзои платформаи миллӣ – роҳбарони вазорат ва идораҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар суханронии худ ҷонишини Раиси КҲФ, полковник М.Салимзода иштирокдоронро бо фаъолияти Кумита дар соли 2017 оид ба коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин ҳолатҳои фавқулоддаи рухдода дар қаламрави кишвар ва тадбирҳои андешидашуда шинос намуд.

Дар ҷаласа дар бораи сохтори нави КҲФ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, дар бораи барномаи рушди Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар солҳои 2018-2022, рафти сохтмони бинои нави маркази омӯзишӣ-методӣ бо дастгирии хазинаи Шоҳ Салмон сухан рафт.

Ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои аввалин мулоқоти идораҳои наҷоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳо дар самти омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, лоиҳаҳои мавриди амал қарордошта бо дастгирии Ҳукумати Федератсияи Русия, Ҷопон ва Шветсария ахбор пешниҳод гардид.

Менеджери Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон оид ба идораи хатари офатҳо Фирдавс Файзуллоев дар бораи принсипҳои кумаки байналмилалии башарӣ баъди ҳолатҳои фавқулода нақл кард.

Ёдовар мешавем, ки Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2012 қабул шуда буд.

барчасп: