Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷо бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва аҳолии ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тозакунии соҳили рӯдхонаҳоро анҷом доданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ дар тӯли 2470 метр корҳои тозакунии ҷӯю заҳбурҳо ва соҳили рӯдхонаҳое, ки маъмулан обашон дар фасли баҳор серҷараён аст ва бар асари боришоти зиёд метавонанд хуруҷ ва аз соҳил берун раванд, корҳои зиёди бастани соҳилҳо ва бехавф кардани ҷараёни об гузарониданд.
Дар роҳандозии ин корҳо техникаи махсуси Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ истифода шуданд.
Ғайр ин кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ дар мавзӯъи “Амалкарди аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба омадани сел” сӯҳбат гузаронида шуд.