Муҳтарам корбарони сомона!
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо самимона ба муносибати фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборакбод мекунад! Таманнои онро дорем, ки ин баҳор барои мардуми азизи кишвар некбахтиҳо, хушнудиҳо ва комёбиҳо меорад.
Наврӯз рамзи сарсабзист ва орзуи онро дорем, ки умри кишварамон сабз бошад, олам бо сабзаи гулгуни некуӣ пӯшида шавад, мардумон дар хушиву осоиштагӣ ва суботу ҳамбастагӣ зиндагӣ кунанд. Орзуи онро дорем, ки Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он сарсабзу покизарӯзгор бошанд!
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!