16 марти соли 2018 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба омодагӣ ва амалигардонии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” вохурӣ бо ҳайати шахсии Раёсат баргузор гашт. Дар вохурӣ сардори Шуъбаи робита бо ҷомеаи Корхонаи воҳидии давлатии “Обу корезї Душанбе” Ш.Баротов ва мудири Шуъбаи гигиенаи коммуналии Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Душанбе С.Зоиров иштирок ва баромад намуданд.
Дар баромади худ онҳо қайд намуданд, ки ташаббуси мазкур 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.
Ќайд гашт, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Дар фарҷоми вохурӣ саволу ҷавоб ба миён омада, ҷонибҳо посухҳо пешниҳод намуданд.