Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зидди офатҳо муборизаи муштарак мебаранд!

Созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекстон дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулодда иқдоми ҷиддӣ дар роҳи густариши равобит миёни ниҳодҳои ҳамсони ду кишвар аст.

Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, 9 – уми марти соли 2018 баъди анҷоми мулоқоти расмӣ ва гуфтушунидҳо бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки яке аз онҳо Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда буд.  

 Созишномаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҷонишини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Очилбой Раматов имзо карданд. 

  Ҳамкориҳо дар доираи Созишномаи мазкур чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

  • ташкил ва гузаронидани мониторинги равандҳои хатарноки техногенӣ ва экологӣ, зуҳуроти табиӣ;
  • мубодилаи мунтазами иттилоотӣ оид ба мониторинг ва пешгўии ҳолатҳои фавқулоддаи дорои ҳусусияти табиӣ ва техногенӣ;
  • мубодилаи таҷриба дар самти ташкили омодагии аҳолӣ ба амалиёт дар ҳолати фавқулодда, аз он ҷумла расонидани ёрии аввалини тиббӣ;
  • ташкил ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии салоҳиятдор ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
  • баҳодиҳии хавф барои муҳити табиии атроф ва аҳолӣ, ки ба ифлосшавии эҳтимолии дар натиҷаи садамаҳои истеҳсолӣ, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ баамаломада алоқаманд аст;
  • пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ;
  • банақшагирии муштарак, таҳия ва амалисозии лоиҳаи илмӣ – тадқиқотӣ, мубодилаи адабиётҳои илмӣ – техникӣ ва натиҷаҳои корҳои тадқиқотӣ;
  • мубодилаи иттилоот дар самти нашрияҳои даврӣ, дастурҳои методӣ ва дигар адабиётҳо, маводҳои видеоӣ ва аксбардорӣ, инчунин технологияҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
  • ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, ҷаласаҳои корӣ, машқҳо ва тамринҳо;
  • тайёр намудани маводҳои нашрӣ ва маърўзаҳои муштарак;
  • мубодилаи таҷрибаомўзон, муаллимон, олимон ва мутахассисон;
  • расонидани кўмаки мутақобил ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
  • мусоидат намудан ҳангоми гузаштани борҳои кўмаки башардўстона тавассути ҳудуди давлатҳо - аъзои ин Созишнома аз давлатҳои сеюм, ё ба давлати сеюм;
  • ташкил ва гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки макросейсмикии оқибатҳои заминларза, ки дар ҳудуди сарҳад ба вуқуъ омадаанд;
  • дигар намудҳои фаъолият дар соҳаи огоҳкунӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор мувофиқа карда мешавад. 

Зикр бомаврид аст, ки ҳакориҳои КҲФ Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон аз соли гузашта  ба маҷрои нав ворид шуда буд. Чунончӣ, 7-уми марти соли 2017 бо дастури Президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли маводи озуқаворӣ, доруворӣ, маводҳои сохтмон, ангишт ва либосҳои гарм кумак расонида шуда буд. Ҳаҷми умумии кумаки расида аз Узбекистон наздик ба 60 тонна буд. 

Бори башардӯстонаро ҳайате аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон бо сарварии ҷонишини аввали идораи наҷоти ин кишвар ҳамроҳӣ мекард.

31 – уми марти соли 2017 дар чаҳорчӯби тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030” дар шаҳри Душанбе Мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуда буд. Дар кори ин конфронс сарвари идораи наҷоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат намуд. 

Созишномиа байнидавлатии имзошуда дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда бишак ба ҳамоҳангиҳои якҷояи дораҳои наҷоти ду кишвар, ки ба як ҳадаф – наҷоти инсон равона шудаанд, неруи тоза хоҳад бахшид.

Умеда ЮСУФӢ
Сардори шуъбаи
кор бо ҷомеаи КҲФ