6 – уми марти соли 2018 таҳти роҳбарии сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании наздди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковник Б.Додиён ва бо ширкати намояндагони созмонҳои байналмилалие, ки дар вилояти Суғд фаъолият мебаранд, ҷаласаи Гурӯҳи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд.
Дар суханронии худ полковник Б.Додиён ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати пуштибониашон дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар қаламрави вилоят дар соли 2017 рух доданд изҳори миннатдорӣ кард ва ба ширкаткунандагон оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят аз аввали соли ҷорӣ маълумот дод.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои татбиқи гурӯҳҳои ихтиёрии деҳот дар Системаи ягонаи давлатии омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тасдиқи нақшаи байниидоравӣ дар соли 2018 оид ба расонидани кумакҳои башарӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави вилоят аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва рӯнамои тарҳи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳандозии барқароркунӣ дар сатҳи ҷомеаҳо барои одамони дорои имкниятҳои маҳдуд, ки дар ноҳияи Айнӣ зиндагонӣ мекунанд” мавриди барарсӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин масъалаҳои огоҳии барвақтии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори техникии гуруҳ оид ба кор бо ҷомеаи КҲФ низ барарсӣ гардид.
Дар навбати худ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар ниятҳои худ дар таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани зарфиятҳои Раёсат назари воҳид доштанд.