Бону Набиева Нуқра Ёдалиевна - сардори гурўҳи алоқаи қисми ҳарбии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1973 дида ба олам кушодааст. Зодаи шаҳри Хоруғи ВМКБ. Маълумоташ олӣ. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорӯғ ба номи М. Назаршоевро хатм кардааст. Оиладор аст ва соҳиби ду фарзанд. Аз соли 2004 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмат мекунад. Дар остонаи Рӯзи модар ҳамсуҳбат шудем ва аз рӯзгору фаъолиятҳои кориаш пурсон гаштем.
- Чӣ шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро пазируфтед?
- Шояд меҳр ба либоси низомӣ ва касби ҷасур бошад! Аз хурди ҳаваси ба бар кардани либоси низомӣ доштам. Аммо ба сохтори ҳарбӣ танҳо баъди оиладор ва соҳиби фарзанд шудан омадам. Мафкураи барғалати «Хизматчии ҳарбӣ - касби зан нест!»-ро инкор намуда, гуфтаниям, ки ҳар қадар дар Қувваҳои Мусаллаҳ бонувон зиёд бошанд, ба манфиати кор хоҳад буд!
- Ҳамон тавре, ки пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд «Ҷомеа солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад». Душвор набуд оила, тарбияи фарзанд ва хизмат дар яке аз сохторҳои қудратии кишвар?
-Албатта не! Барпо кардани оила ва соҳиби фарзанд шудан интихоби шахсиам буд ва шояд маҳз баъди расидан ба ин мақсадҳо, аз паси касби писандидаам шудам. Соли 2004-ум ба Раёсати «Маркази Наҷотдиҳӣ»-и Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабулам карданд. Ҳайати шахсии Марказ ва хусусан роҳбарияти он маро чунон дастгирӣ намуданд, ки меҳр ва хоҳиши кор кардан дар як саф бо мардони ҷасури кишвар ва дар ин сохтори бениҳоят муҳими ватанамон руз аз рўз зиёд шудан гирифт.
Баъдан ба қисми ҳарбӣ гузаштам, аммо хоҳиши хизмат кардан аз қалбам дур намешуд ва ҳоло ҳам зинда аст. Хушбахтона, ман таҳти роҳбарии чунин сардорону роҳбарони кордон ва ботаҷриба ба монанди полковникҳо Андрей ва Олег Пилкевичҳо, полковник Сергей Сорокин, полковник Шобой Муборакқадамов, майор Дониш Мирзоев, полковник Сайфулло Миров, подполковник Силмон Фирогатов, подполковник Фазлиддин Назарзода, подполковник Манучеҳр Хоҷаев фаъолият намудам ва маҳз кордонӣ ва таҷрибаи ин командирони болаёқат, ба донишу малакаи имрўзаи ман асос гузоштанд.
- Шумо аввал дар Раёсат ва ҳоло бошад дар қисми ҳарбӣ, яъне бо сарбозон сару кор доред. Ба назари Шумо кадоме аз ин фаъолиятҳо мушкилтар буд?
- Фаъолияти корӣ дар Раёсат ҷолиб буд, аммо таҷрибаи ҳарбиамро маҳз ҳангоми хизмат дар қушун сайқал додам. Айни замон ман ягон мушкил надорам. Дуввум, зан-модар аст ва дар қисми ҳарбӣ фарзандони мо хизмат мекунанд, барои расонидани ёрии маънавӣ ин ҷоям, кўшиш менамоям, ки ба ҳар сарбозе, ки ин ҷост, ёрии худро расонам.
- Нуқра, хизмат дар як саф бо мардон чӣ гуна бошад?
- Дар қатори мардон дар як саф меистам, бо онҳо ҳамфикр шудаам, ба як кор машғул шуда баъзан вақт то ними шаб бо ҳамроҳии мардон кор карда, чӣ гуна гузашти вақтро ҳис ва ҳатто пай ҳам намебарам. Аз сӯйи дигар ҳамеша эҳсос мекунам, ки дар ҳалқаи бародарони худ ҳастам, инҳо на ин ки ҳамкор, балки бародарони ба ҷон баробарам ҳастанд ва тасаввур мекунам, ки 24 соат зери ҳимояи онҳоям. Магар бахт боз дигар хел хандад? Вуҷудашон бароям давлат аст!
- Хизмати ҳарбӣ ин «вақти кории номуайян» ба муҳити хона таъсир намерасонад?
- Оилаи солиму фарзандони бовиҷдон ин як неъмати Худододист бароям, шукргузорам аз амри тақдир маро бо шавҳари ҳалиму меҳрубон пайваст, он кас ҷонибдори муаффақ будани ман ҳастанд. Ҳамеша дастгириам менамояд. Дастгириву роҳбаландии шавҳарам аст, ки тули солиёни зиёд дар сохтори ҳарбӣ фаъолият дорам. Албатта байни марду зан дар оила баъзе нофаҳмӣ мешавад, аммо марди доно ҳамеша бояд гузашт карда, ҷинси латифро дастгирӣ намояд. Ман хушбахтам, чун дар оилаам чунин дастгириҳоро дороям.
- Нигоҳи Шумо нисбати занон дар артиш ва умуман Зан-хизматчии ҳарбӣ чӣ гуна сифатҳо бояд дошта бошад?
- Мехоҳам сафи занҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад. Зан хизматчии ҳарбӣ бояд пуртоқат, ҷиддӣ, ҷасур ва аз ҳама муҳим донандаи кори хеш бошанд. Аз ҳама муҳим, новобаста аз касбу кор зан бояд поквиҷдон, хоксор, раҳмдил ва боиффат бошад.
Меҳнату заҳмати хизматчии ҳарбӣ-занонро баҳо додан ва қадр кардан ниҳоят душвор аст. Дар ҳамаи давру замон занони ҷасур дар қатори мардон ҷасурона фаъолият мекарданд.
- Чун модар ба ҷавонон, ки ояндасози имрӯзу фардои кишваранд чи гуфтанӣ доред?
- Ба ҷавонон сабру таҳаммул дар мушкилот ва азму талош барои расидан ба ҳадаф таманно дорам. Пайваста омўзанд, аз масъулият наҳаросида, тамоми вазифаҳои бар дўшашон гузошташударо чуноне, ки бояд иҷро кунанд ва воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандўсту ватанпарвар бошанд.
-Нуқрабону, ташакур барои сўҳбати самимӣ!
Лаҳзае бо ин зани фархундаву фарзона дар сўҳбат нишастем. Ўро чун бонуи сухандону ватандўст ва модари мушфиқу ғамхор дарёфтем. Пайроҳае, ки Нуқра мепаймояд, пайроҳаи садоқат ба Ватану диёри хеш, пайроҳаи садоқат ба мардуму сиёсати имрузаи ҳукумат аст.
Барояш дар ин роҳи пурмашаққат комёбӣ мехоҳем!
Хайриниссо Ҳасанова,
афсари Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи
ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон