Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавосанҷи кишвар аз боришоти шадиди чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳад. Дар ин рӯзҳо дар баъзе манотиқ омадани сел ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад. Эҳтиёт кунед!
Тибқи иттилоъи Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувору тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. дар водиҳо борон меборад, шиддати ин боришот дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии кишвар шадидтаранд.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 6 то 8 дараҷа тағйир меёбад, шамол аз самти ғарб бо шиддати аз 19 то 24 см дар як сония мевазад (ба истиснои ВМКБ).
Боришоти шадид метавонад сабабгори болоравии сатҳи об дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва рӯдхонаҳои дигар шавад. Омадани сел дар баъзе минтақаҳо аз эҳтимол дур нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд. Аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои куҳӣ худдорӣ варзанд.