Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули довталабон ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия барои соли хониши 2018-2019 озмун эълон мекунад. Дар озмун ҷавонони аз 17 то 24-сола ширкат карда метавонанд.
Омӯзиш дар самти “Бехатарии техникӣ” (ихтисоси “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулодда”) мегузарад.
Касоне, ки ба Академия қабул карда мешаванд, то анҷоми таҳсил курсантони ин муассиса хоҳанд буд. Қабули номзадҳо барои омӯзиш аз натиҷаи имтиҳон аз таърихи Русия (даҳонӣ) ва забони русӣ (хаттӣ) ба роҳ монда мешавад.
Муҳлати таҳсил 4 сол ва дар анҷом хатмкунанда соҳиби тахассуси “Бакалавр” хоҳад шуд.
Шакли таҳсил рӯзона ва пулакист.
Хоҳишмандон метавонанд аризаи ширкат дар озмунро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита то охири моҳи марти соли 2018 супоранд.
Суроға: 734013, ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 26, Раёсати кадрҳои КҲФ. Телефон барои маълумот: (+992 37) 227-71-81, Факс: 221-91-19